Ҷаласаи Раҳмон пас аз тирпарониҳо ва кушта шудани шаҳрвандони Чин дар марзи бо Афғонистон

Раисҷумҳури кишвар пас аз ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз Афғонистон ва кушта шудани чанд шаҳрванди Чин бо ниҳлдҳои қудратӣ ҷала баргузор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод.
Қайд карда шудааст, ки давоми ҳафтаи охир ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад рух дод, ки дар натиҷа панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуд.
Кишвардори Тоҷикистон ба масъулин дастур дод, ки доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд.
Кушта шудани се чиноӣ дар марзи Тоҷикистон зимни ҳамлае аз Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар пайи ҳамлаи афроди мусаллаҳ, ду роҳсози чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамла аз самти Афғонистон сурат гирифтааст.
Ҳодиса замоне рух додааст, ки коргарони чинӣ дар яке аз паноҳроҳи хурд дар роҳи навбунёди Қалъаихум-Ванҷ-марзи Рӯшон, кор мекарданд.
Ҳамчунин ҳафтаи гузашта дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона, ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ки аз Афғонистон сурат гирифт, се шаҳрванди Чин кушта шуд ва як корманди дигари чинӣ дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шуд.
Ҳамла ахир ба шаҳрвандони Чин дар Дарвоз дар ҳоле сурат мегирад, ки дар пайи ҳамлаи маргбор ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва кушта шудани се нафар дар рӯзи 26-уми ноябр, Чин аз шаҳрвандонаш хост, аз минтақаи марзӣ берун шаванд.