Оғози сохтмони қароргоҳи президент дар Хуҷанд: тарҳи он чӣ гуна аст

Қароргоҳи президенти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии “Қароргоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон” оғоз ёфт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ба корҳои сохтмонии қароргоҳ дар маросими гузоштани санги асос бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва аҳли зиё баргузор шуд.
Тибқи лоиҳа иншоот аз таҳхона ва чор ошёна иборат хоҳад буд. Дар таҳхона таваққуфгоҳ, нуқтаҳои санитарӣ ва ҳуҷраҳои техникии хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд.
Дар ошёнаҳои болоӣ бошад, осорхонаи президент, толорҳои универсалӣ ва маҷлисгоҳ, толорҳои музокирот ва нишасти матбуотӣ, меҳмонхона ва дигар утоқҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст. Бино бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд меёбад.
Тарҳи қароргоҳи президенти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Лоиҳаи сохтмонро Маркази амалигардонии “Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ”-и Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия намуда, фармоишгар Мақомоти вилояти Суғд ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Евростройсервис” мебошанд.
Аҳмадзода зимни суҳбат таъкид кард, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбанд.
То имрӯз дар вилоят 12 ҳазору 66 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, иҷрои нақша 100,5% таъмин шудааст.
Тибқи нақша, то моҳи сентябри соли 2026 боз ҳазорҳо иншооти дигар бунёд хоҳад шуд.