Путин ва Ҷабборов ният доранд, ҳамгироии иқтисодиро дар доираи ИИАО амиқтар кунанд

Раҳбарони Русия ва Қирғизистон омодагии худро барои амиқтар кардани ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тасдиқ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин в президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Бишкек зимни мулоқот омодагии худро барои амиқтар кардани ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) тасдиқ карданд.
Тавре Кохи Кремлин хабар додааст, изҳороти муштараки президентҳои Русия ва Қирғизистон дар бораи амиқтар кардани равобит ва шарикии стратегии онҳо нашр шуд.
"Ҷонибҳо нақши муҳими ИИАО-ро, ки ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи кориро таъмин мекунад, дар рушди иқтисодии ду кишвар ва беҳтар кардани некӯаҳволии аҳолии онҳо таъкид мекунанд ва инчунин омодагии мутақобилаи худро барои амиқтар кардани ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё тасдиқ карданд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад.
Маош дар Қирғизистон аз замони пайвастан ба ИИАО, беш аз се маротиба афзоиш ёфтааст
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.