Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин нақшаи сулҳи ИМА-ро дар бораи ҳалли низоъи Украина шарҳ дод

Президенти Русия дар доираи сафараш ба Қирғизистон ва нишасти сарони кишварҳои узви СПАД барои намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноябр – Sputnik. Лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА дар масъалаи Украина вуҷуд надошт, аммо рӯйхате буд, ки дар масъалаҳо барои баррасӣ буданд.
Президенти Русия Владимир Путин инро дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек изҳор дошт.
"Дар мавриди лоиҳаи шартнома... Хуб, ягон лоиҳаи созишномаҳо вуҷуд надошт. Рӯйхати масъалаҳое, буд ки барои баррасӣ ва таҳияи ниҳоӣ пешниҳод шуда буданд ", - гуфт Путин ба хабарнигорон.
Президент изҳор дошт, ки Русия нақшаи ибтидоии ИМА-ро барои ҳалли Украина баррасӣ кардааст.
"Пеш аз сафари ман ба Иёлоти Муттаҳида, пеш аз сафарам ба Аляска, мо инро бо музокиракунандагони амрикоӣ муҳокима кардем. Ва баъд аз ин, ин рӯйхат бо 28 - бандии ҳамчун созишнома пайдо шуд. Чунон ки ман аллакай ошкоро эълон карда будам, он тавассути каналҳои муайян ба мо расонида шуд. Мо онро баррасӣ кардем", - гуфт Путин ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳар як нуктаи нақшаи ИМА барои ҳалли Украина бояд муҳокима карда шавад.
"Мо бояд нишинем ва дар ин бора ҷиддӣ муҳокима кунем; ҳар як калима муҳим аст. Мо бояд ҳама чизро бо забони дипломатӣ баён кунем", - гуфт Путин.
Ӯ таъкид кард, ки Русия барои муҳокимаи ҷиддии нақшаи ИМА барои ҳалли Украина омода аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко нақшаи ИМА барои ҳалли низоъ дар Украинаро заминаи хуб барои музокирот номид
Дар мавриди иддаоҳо дар бораи он ки Русия нақшаи ҳамла ба Аврупоро дорад, президенти Русия онҳоро бемаънӣ ва дурӯғи ошкоро номид.
"Ман фикр мекунам, одамоне ҳастанд, ки вақте ба мардуми худ, ошкоро мегӯянд, ки "Русия барои ҳамла ба Аврупо омодагӣ мебинад ва мо бояд фавран қобилиятҳои дифоии худро тақвият диҳем", каме девона мебошанд. Онҳо ба манфиатҳои саноати дифоъ ва ширкатҳои хусусӣ хизмат мекунанд, ё онҳо кӯшиш мекунанд, ки рейтинги сиёсии дохилии худро дар ин замина баланд бардоранд... Аз нигоҳи мо, ин бемаънӣ ва дурӯғи ошкоро аст", - гуфт ӯ ба хабарнигорон Путин.
Раҳбари Русия бо сафари серӯзаи давлатӣ дар Қирғизистон буд. Рӯзи панҷшанбе ӯ дар нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) иштирок кард.