ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар ин кишвар қарор аст интихоботи зудҳангоми парлумонӣ баргузор шавад.
Бино ба иттилое, ки аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, чаҳор нафар бо раҳбарии ин ниҳод дар интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.
“Онҳо имрӯз аз Душанбе ба Бишкек парвоз карданд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, Бахтиёр Худоёрзода, раис, Наврӯз Самадзода, раҳбари дастгоҳ ва Мағфират Хидирова ва Мӯниса Азизова, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон минҳайси нозири байнулмилалӣ дар интихоботи парлумони Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.
Якшанбеи оянда, 30 ноябр дар Қирғизистон интихоботи зудҳангоми намояндагони Жогорку Кенеш, парлумони ин кишвар баргузор мешавад.