Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи васеъшудаи нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СпАД) ширкат варзид.
Ин чорабинӣ дар қароргоҳи "Ынтимак Ордо"-и Бишкек баргузор шуд.
Қаблан, роҳбарони кишварҳои узви СПАД мулоқоти маҳдуд баргузор карданд.
Путин инчунин дар маросими имзои ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ ширкат варзид.
Раҳбари Русия аз 25 то 27 ноябр бо сафари давлатӣ дар Бишкек қарор дорад. Қаблан, президенти Русия дар доираи сафари давлатии худ ба ин ҷумҳурӣ бо раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов музокирот анҷом дод ва инчунин бо президенти Беларус Александр Лукашенко гуфтугӯ кард.