ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳамла мусаллаҳона аз ҷониби қаламрави Афғонистон шаби 26 ноябри соли равон сурат гирифтааст.
Ҳамлагарон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ “Шоҳин СМ” воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии “Истиқлол”- отряди сарҳадии “Ёл”-и вилояти Хатлон ҳуҷум карданд.
“Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо нориҷак амалӣ гаштааст, ки дар натиҷаи он се корманди ширкати “Шоҳин СМ” - шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар баёния қайд карда шудааст, ки бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон барои ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд.
Вазорати умури хориҷӣ ҳамла ба қаламрави Тоҷикистон ва марги се шаҳрванди Чинро қотеона маҳкум кард.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати феълии Афғонистон хостааст, ҷиҳати таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад.
Ёдовар мешавем, ки 18 ноябри соли гузашта бар асари ҳамла аз сӯйи Афғонистон дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар захмӣ шуда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи хусусии чинӣ сурат гирифтааст.
Пекин онро "ҳамлаи хушунатомез" номида, шадидан маҳкум кард ва аз шаҳрвандони Чин, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кор мекунанд, хост, чораҳои амниятиро риоя кунанд.