ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Музди меҳнат махсусан пас аз пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) босуръат афзоиш ёфт.
Дар соли 2015, онҳо тақрибан 13500 сомро ташкил медоданд; имрӯз, тибқи маълумоти охирини Кумитаи миллии омори (январ-сентябри соли ҷорӣ), онҳо ба 42800 расидааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ин дар ҳолест, ки дар давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ зиёд шуд.
Суръати баландтарини афзоиши миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Қирғизистон 11.5% ва Белорус 11% ба қайд гирифта шудааст. Дар дигар кишварҳои узи иттиҳод нишондиҳанда чунин аст:
Русия – 4,1%;
Қазоқистон - 0,3%;
Арманистон - 2,4%;
Тибқи ҳисобҳои пешакии КИАО, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 рейтинги маоши кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо доллар чунин аст:
Русия ($1110);
Қазоқистон ($849);
Белорус ($815);
Арманистон ($753);
Қирғизистон ($481).
Аз рӯи ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2025 бошад, Русия дар феҳристи болотарин маош дар ИИАО ҷойи аввалро ишғол кардааст.