Сиёсати нави муҳоҷират дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик чӣ маъно дорад

Муовини котиби Шӯрои амнияти Русия қайд кард, ки муҳоҷират акнун танҳо як воситаи иловагӣ барои татбиқи чораҳо дар соҳаи иқтисодӣ хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Русия дигар муҳоҷирати хориҷиро ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои демографӣ дар дохили кишвар намешуморад.
Дар ин бора, муовини котиби Шӯрои амнияти Русия Александр Гребенкин дар мусоҳиба бо "Российская газета" изҳор дошт.
Ба гуфтаи Гребенкин, муҳоҷират акнун танҳо як воситаи иловагӣ барои татбиқи чораҳои иқтисодӣ хоҳад буд.
Ҳамин тариқ, шаҳрвандони хориҷӣ дигар наметавонанд дар кишвар бе сабабҳои ҷиддӣ доимӣ бимонанд. Пас аз ба охир расидани мӯҳлати будубош, онҳо бояд аз Федератсияи Русия берун раванд. Маҳдудиятҳо барои аъзои оила, ки бекор ҳастанд, низ ҷорӣ карда мешаванд.
Консепсияи нав ба шаффофият дар раванди ҷалби коргарон аз хориҷа ва беҳтар кардани механизмҳои мақсаднок ва ҷалби муташаккили кормандон, инчунин эҷоди инфрасохтори зарурӣ дар кишварҳои будубоши онҳо таъкид мекунад.
"Чунин кор аллакай бо ҳукуматҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолона идома дорад", - қайд кард сиёсатмадор.
Ин сиёсат, дар баробари дигар корҳо, ба пешгирии таъсиси анклавҳои пӯшидаи этникӣ дар минтақаҳои Русия мусоидат хоҳад кард.
Муовини котиби Шӯрои амнияти Русия шарҳ дод, ки корфармоён барои истифодаи усулҳои ҷалби муташаккилонаи қувваи кории хориҷӣ ташвиқ карда мешаванд ва масъулияти коргарони муҳоҷир барои риояи қонунҳои Русия аз ҷониби онҳо афзоиш хоҳад ёфт.
Моҳи ноябр, президенти Русия Владимир Путин консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати давлатии кишварро барои солҳои 2026-2030 тасдиқ кард.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Путин роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро нишон дод
Консепсияи нав "ҳадаф, принсипҳои асосӣ, вазифаҳо ва самтҳои асосии татбиқи сиёсати муҳоҷирати давлатии Русия"-ро муайян мекунад.
Сиёсати навшудаи муҳоҷирати Русия бояд барои коҳиши шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳо дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ноболиғон, хизмат кунад.
Путин инчунин фармонеро имзо кард, ки созишномаи эҳтимолиро дар бораи кушодани намояндагиҳои вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар ин ду кишвар тасдиқ мекунад.