ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Сухангӯи Кохи Сафед Кэролин Левитт эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида пас аз қарори президенти ИМА Доналд Трамп маблағгузории низоъ дар Украинаро қатъ кардааст ва фурӯши силоҳро тавассути НАТО идома медиҳад.
Трамп қаблан борҳо изҳор дошт, ки ИМА дигар Украинаро маблағгузорӣ намекунад, балки аз фурӯши силоҳ тавассути НАТО фоида мегирад.
"Президент Трамп маблағгузории ин ҷангро қатъ кардааст, аммо Иёлоти Муттаҳида ба фиристодан ё фурӯши миқдори зиёди силоҳ ба НАТО идома медиҳад", - гуфт Левитт ба хабарнигорон.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.