Тоҷикистону Русия масоили содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд

Масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар гуфтугӯи вазирони иқтисоди Русия ва Тоҷикистон ба таври маҷозӣ баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар ҷаласаи маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо Вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников масоили рушди содироту воридоӣро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ дар рафти ҷаласа ҷонибҳо содироти ҳарчи бештари ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ намуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин масъала дар сафари ахири раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе да мулоқот бо роҳбари Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон баррасӣ шуда буд.
Вазири тоҷик дар ин ҷаласа таъкид кард, ки иҷрои супоришҳои роҳбарони кишварҳо имкони таъмини пешрафт дар бахши содирот ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро фароҳам месозад.
Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои такмили низоми ҳамкорӣ дар бахшҳои марбут ба содироту воридот, беҳтар намудани тартиби ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва густариши имкониятҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон бастаи санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд: рӯйхат
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон сарвазири Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳаҷми савдои миёни Русия ва Тоҷикистон 13% афзудааст.
Вай гуфт, давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Русия ва Тоҷикистон ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13% дарсадро ташкил дод.
"Соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Русия 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023, 200 млн доллар зиёд аст", - таъкид кард Расулзода.
Ҳамин тавр, давоми 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13%-ро ташкил дод.
Бояд қайд кард, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то охири соли 2024 ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 15% бештар аст.
Қаблан дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз тасмими то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани табодули коло миёни кишварҳо хабар дода буд.