ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Таъйини мақомдори тоҷик ба ин вазифа дар сохтори ИДМ дар ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи кории доимии назди Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатии кишварҳои узви ИДМ, ки дар Дафтари шаҳри Маскави Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор гардид, сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ, Анор Аҳад оғли Ҷанаҳмедов, муовини директори Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ, аз Вазорати кишоварзии Русия барои раисии муваффақонаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатӣ дар соли 2025 изҳори сипос намуда, фаъолияти Гурӯҳи кориро дар давраи гузашта ҷамъбаст кард ва ба кори пурсамари он дар соли оянда изҳор кард.
Дар ҳамин ҷаласа Раёсати Гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, раиси ин Гурӯҳ интихоб шуд.
Дар рафти ҷаласа иштирокчиён дар бораи пешниҳодҳо барои нусхаи нави Созишнома дар бораи муносибатҳои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ ва Барномаи ҳамкории амнияти озуқаворӣ табодули назар карданд.
Коршиносон ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро идома диҳанд ва корҳоро дар бораи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ба рушди устувори комплекси агросаноатии кишварҳои узви ИДМ нигаронида шудаанд, зуд анҷом диҳанд.
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории назди Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатии кишварҳои узви ИДМ дар моҳи апрели соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.