Аз иқтисод то фарҳангу илм: Тоҷикистону Эрон дурнамои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Дар пойтахти Тоҷикистон сеюмин нишасти Кумитаи ройзаниҳои сиёсии Эрону Тоҷикистон баргузор шуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Нишасти сеюмин нишасти Кумитаи ройзаниҳои сиёсии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти Раёсати Маҷид Тахтравончӣ муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон ва Фаррух Шарифзода, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои сафорати Эрон дар Душанбе ҷонибҳо масоии васеъи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, илмӣ, мутолиотӣ дар сатҳи дуҷониба ва низ таҳаввулоти ҷорӣ дар сутуҳи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Дар ин нишаст тарафайн, зимни ибрози ризоят аз раванди рӯ ба тавсеаи ҳоким бар равобити ду кишвар, роҳҳои густариши ҳамкориҳои байни тарафайнро баррасӣ ва бар лузуми иртиқо беш аз пеши муносибот таъкид карданд.
Тоҷикистон бо утони Қазвини Эрон ҳамкориҳояшро тақвият мебахшад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Маҷид Тахтравончӣ дидору мулоқот кард.
Дар рафти вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои ҳасана миёни ду кишвари дӯсту бародар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.