ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар паёмаш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон, қайд кард, ки ин ҷашн барои миллати тоҷик яке аз санаҳои муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад.
Вай гуфт, ки қабули парчами кишвар мардумро муттаҳид сохт ва барои барқарории сулҳу суботи миллӣ заминаи устувор гузошт.
“Парчам эҳсоси ифтихор, ватандӯстӣ ва худшиносии ҳар шаҳрвандро бедор мекунад ва арҷгузорӣ ба он нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки наврасону ҷавонони кишвар имрӯз ба парчам бо эҳтироми хос муносибат карда, онро рамзи осудагии Ватан медонанд ва ҳамеша талош доранд.
“Мо вазифадорем, ки зери Парчами миллӣ муттаҳид бошем, манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя кунем, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро тақвият диҳем ва мақому нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем”, - қайд кард Рустами Эмомалӣ.
Раиси шаҳр дар паёмаш кулли ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо Рӯзи Парчами давлатиии Тоҷикистон табрик кард ва хоҳани сулҳу суботи ҷовидона шуд.