ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки барои тасдиқи нақшаи ҳалли низоъ дар Украина ризоияти Русия лозим аст.
"Ин қисми дигари муодила аст; онҳо бояд онро тасдиқ кунанд", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо намояндагони Киев ва кишварҳои аврупоӣ.
Ба гуфтаи вай, ҳуҷҷат 26 ё 28 бандро дар бар мегирад. Котиби давлатӣ инчунин изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида иштироки худро дар раванди ҳалли низоъ бо дарки мавқеи Маскав оғоз кардааст, ки ба Департаменти давлатӣ хаттӣ ва шифоҳӣ расонида шудааст.
Нақшаи ҳалли мусолиматомез дар Украина
Маъмурияти ИМА қаблан таҳияи ташаббуси сулҳро эълон кард ва гуфт, айни замон тафсилотро дар ин бора муҳокима намекунад, зеро сари он ҳанӯз ҳам кор мекунад. Аммо, матни ҳуҷҷат аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ нашр шудааст.
Нашрияи Axios хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида бо Русия "машваратҳои махфӣ"-ро барои таҳияи нақшаи нави сулҳ, ки аз 28 банд иборат аст ва ба чор категория тақсим шудааст, анҷом медиҳад: сулҳ, кафолатҳо барои Украина, амният дар Аврупо ва муносибатҳои ояндаи ду кишвар бо Иёлоти Муттаҳида.
Имрӯз дар Женева байни намояндагони кишварҳои аврупоӣ, Иёлоти Муттаҳида ва Украина музокирот баргузор шуд, ки дар он пешниҳодҳои аврупоӣ ва украинӣ барои нақшаи сулҳи Амрикоро баррасӣ карданд.