Тоҷикистон барои тарҳҳои энержӣ миллардҳо доллар масраф кардааст

Тоҷикистон қасд дорад, то соли 2030 иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодиро ба 3000 МВт расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 25 соли охир барои тарҳҳои энержӣ зиёда аз 2,5 млрд доллар масраф шудааст.
Дар ин бора, вазири энержии Тоҷикистон далер Ҷумъа, дар ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар Душанбе иттилоъ дод.
Бино ба гузориши вазир, аз соли 2000 то имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 20 лоиҳа дар соҳаи энергетика амалӣ карда шудааст.
"Ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо зиёда аз 2,5 млрд долларро ташкил медиҳад", - гуфт вазир.
Дар доираи лоиҳаҳои мазкур иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, бозсозии зеристгоҳҳои бузурги калидии шабака, навсозии шабакаҳои барқии ҳамаи дараҷаҳои шиддат ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ мебошад.
Илова бар ин, вазир ба тақвияти ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Русияро дар доираи фаъолияти ҶСК "НБО Сангтӯда-1" ва бо Ӯзбекистон дар мавриди сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ишора кард.
Таъкид гардид, ки то соли 2030 иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ бояд на камтар аз 3000 МВт-ро ташкил диҳад.
Дар ин самт, аллакай, корҳои мушаххас оғоз гардидаанд. Бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияти низоми энергетикӣ мутавозинтар гардад, махсусан дар давраи авҷи истеъмол, ки асосан ба мавсими тирамоҳу зимистон рост меояд ва дар ин давра сатҳи воридшавии об ба неругоҳҳои барқи обӣ кам мегардад.
Тоҷикистон Қатарро барои маблағгузории бештар ба НБО “Роғун” даъват кард
Ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар Душанбе, дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирон ва муовинони вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ, муовинони Котиби кулли ИДМ ва СҲШ, ширкатҳои энергетикии давлатҳо ва марказҳои илмӣ-тахқиқотӣ ширкат кардаанд.