Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин мулоқот кард

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон қайд кард, ки ҷонибҳо ба муборизаи муштарак алайҳи терроризм, экстремизм ва радикализми динӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
"Ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкории бисёрҷониба ва судманд дар доираи шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро муҳокима карданд", - шарҳ дод дафтари раҳбари Тоҷикистон.
Ҳамкории амниятӣ мавзӯи алоҳидаи баҳс буд, ки ба муборизаи муштарак алайҳи терроризм, экстремизм, радикализми динӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.
Раҳмон инчунин барои дастгирӣ дар таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе изҳори сипос кард.
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И шоми 21 ноябр бо сафари корӣ ба Душанбе омад.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Сафари Путин ва нишасти сарони ИДМ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд: Посухи коршинос - Видео
Дар давоми сафараш ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин музокирот анҷом дод.
Ван И қаблан дар доираи сафари худ ба Осиёи Марказӣ аз Қирғизистон ва Узбекистон боздид карда буд.