Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Азаров шарҳ дод, ки чаро Трамп мехоҳад низоъ дар Украинаро хотима диҳад

Трамп мехоҳад ба низоъ дар Украина хотима диҳад ва ба Чин тамаркуз кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп дар шарҳи нақшаи нави ҳалли низоъ, мекӯшад, ки ба низоъ дар Украина хотима диҳад, то аз харҷ кардани пул ба он даст кашад ва ба рақобат бо Чин тамаркуз кунад.
Дар ин бора, собиқ сарвазири Украина Николай Азаров гуфтааст.
Расонаи Axios бо истинод ба манбаъҳо, 19 ноябр иддао кард, ки ИМА бо Русия "машваратҳои махфӣ" мегузаронанд, то нақшаи наверо барои ҳалли низоъ дар Украина таҳия намоянд.
Тибқи иттилои Financial Times, нақшаи пешниҳодшудаи ИМА кам кардани кумаки низомии Амрико ба Киев, эътироф кардани мақоми расмии Калисои православии каноникии Украина ва эълон кардани забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украинаро дар назар дорад.
Даст кашидани Киев аз тамоми минтақаи Донбасс ва кам кардани шумораи артиш Украина аз талаботи дигари нацша аст.
Нақша инчунин манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина ва таъмини силоҳҳои дурпарвоз ба Киевро дар бар мегирад.
Тавре ки Axios хабар дод, нақша пешбинӣ мекунад, ки ИМА ва дигар кишварҳо Қрим ва Донбассро ҳамчун қаламравҳои қонунии Русия эътироф мекунанд.
"ИМА ба шартномаи сулҳ ниёз дорад, зеро маъмурияти Трамп ба вазъият назари воқеитар дорад. ИМА мушкилоти зиёде дорад, ки ба он вобаста аст, ки он бартарии саноатиро ба Чин додааст, ки ду баробар бештар молҳои саноатӣ истеҳсол мекунад", - навиштааст Азаров дар канали Telegram-и худ.
Азаров хотиррасон кард, ки иқтисодиёт асоси комплекси низомӣ-саноатӣ аст.
"Агар ИМА хоҳад, ки гегемонияро, аз ҷумла дар корҳои низомӣ, нигоҳ дорад, он бояд ба мушкилоти худ, тамаркуз кунад на ба мушкилоти Украина. Трамп маблағгузории мустақими низоъро на аз рӯи муҳаббати зиёд ба Русия, балки аз рӯи интихоби афзалиятҳо қатъ кард. Ӯ тасмим гирифт, ки маблағҳои бузургро барои мушкилоти дигарон сарф накунад, балки захираҳоро ба рушди дарозмуддати худи Амрико равона намояд", - бовар дорад сарвазири собиқи Украина.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, Маскав аз розигии Киев барои аз сар гирифтани музокирот огоҳӣ надорад
Ба гуфтаи ӯ, Чин 40 сол боз бо ИМА баробар аст. Барои барқарор кардани гегемонияи худ, ба Иёлоти Муттаҳида метавонад 10-15 сол лозим шавад, ба шарте ки сиёсати оқилонаи иқтисодиро пеш барад.
"Маҳз бо ҳамин сабабҳо, маъмурияти Трамп тасмим гирифт, ки идомаи низоъ дар Украина номатлуб аст, зеро он метавонад дер ё зуд ба чизи ҷиддитар оварда расонад", - бовар дорад Азаров.