ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Бино ба иттилоъе, ки аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, Ҷалолуддин Шамсов, фарди мазнун дар созмондеҳии як ҳамлаи террористии ноком дар қабристони Троекуровски шаҳри Маскав, шаҳрванди Тоҷикистон буд, аммо чанд сол ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳузур пайдо накардааст.
“Бино ба иттилоъи мо, ӯ ба Русия сафар карда, аз он ҷо ба Украина рафтааст. Ва бино ба гуфтаи наздиконаш, як муддат миёни ин ду кишвар равуо доштааст”, - гуфт манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, Шамсов зодаи деҳаи Озодии ноҳияи Ёвон буда, солҳои ахир дар деҳа ҳузур надоштааст.
“Дар ҳоли ҳозир нисбати равшан кардани шахсияти ӯ ва ин ки дар ҷиноёт даст дорад ё надорад, таҳқиқ идома дорад ва тибқи созишномаи миёни вазоратҳои дохилаи Тоҷикистону Русия, маълумоти зарурӣ дар ихтиёри ҳамкорони мо дар Русия қарор дода хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.
Қаблан мақомоти амниятии Русия гузориш дода буданд, ки як ҳамлаи террористӣ алайҳи Сергей Шойгу, котиби Шӯрои амнияти Русияро, ки интизор мерафт барои ёдбуд сари қабри модараш дар қабристони Троекуровски шаҳри Маскав ҳузур ёбад, хунсо кардаанд.
Бино ба маълумоти онҳо, ин ҳамла бо супориши Хадамоти вижаи Украина аз сӯи як муҳоҷири ғайриқонунӣ ва ду муътод ба маводи мухаддир, шаҳрвандони Русия, бояд иҷро мешуд, ки ба анҷом нарасид ва ҳамагӣ боздошт шуданд.
Мақомот Ҷалолиддин Шамсов, мутаваллиди 1979, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳоло муқими Киев, пойтахти Украинаро фарде унвон кардаанд, ки барномаро пеш мебурд ва ба ҷурми қатлу қочоқи ғайриқонунии аслиҳа таҳти таъқиб қарор дорад.