ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Кишварҳои ИИАО нақшаҳои тавлиди таҷҳизоти муосири роҳсозиро, ки бо манбаъҳои алтернативии энергия кор мекунанд, баррасӣ карданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии комиссия иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
Қайд карда шудааст, ки ахиран дар як ҷаласа Раёсати Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) самтҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи роҳсозиро дар доираи ИИАРО-ро муайян кард.
"Нақша тавлиди таҷҳизоти сохтмонӣ ва роҳсозӣ бо истифода аз манбаъҳои алтернативии энергия, инчунин беҳтар кардани сифати ҷузъҳо ва қисмҳои истеҳсолшуда дар кишварҳои Иттиҳодро дар назар дорад", - таъкид кардааст хадамоти матбуоти КИАО
Тибқи изҳорот, муҳаррикҳои гидроген, барқӣ ва газӣ ҳамчун сӯзишвории асосии таҷҳизоти роҳсозӣ, инчунин таҳияи минбаъдаи муҳандисӣ барои беҳтар кардани фаъолияти он баррасӣ мешаванд.
Ин на танҳо рушди ин бахшро тавассути ҳамкорӣ ба низом медарорад, балки таҷҳизоти роҳсозиро стандартӣ мекунад ва тозагии экологӣ ва ҳам барои муҳити зист ва ҳам барои аҳолӣ таъмин менамояд.