Идомаи сафари Раҳмон ба Суғд: Раисҷумҳур чанд иншооти муҳимро дар Истаравшан ифтитоҳ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафари худ ба вилояти Суғд чанд иншоотҳои молиявӣ ва иҷтимоиро дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсолии обҳои шифобахши "Хаватаг"-ро, ки аз ҷониби Осоишгоҳи Хаватаг бунёд ёфтааст, ба истифода дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки иншооти мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мухтор Юнусов бунёд ёфтааст.
Қайд карда шудааст, ки корхона имконият дорад дар марҳилаи аввал дар як рӯз 20 ҳазор литр оби шифобахш истеҳсол намояд.
Технологияи корхона аз Чин оварда шудааст ва маҳсулот дар ин ҷо дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ ва аврупоӣ истеҳсол мешавад.
Ҳамчунин ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ангоравии осоишгоҳи замонавии Хаватаг, ки аз ҷониби ҶСК "Осоишгоҳи Хаватаг" дар деҳоти Ниҷони шаҳри Истаравшан сохта мешавад, муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз тағйироти кадрӣ дар ВУХ Раҳмон ба Суғд сафар кард
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар минтақаи саноатии рақами 2-и шаҳри Истаравшан корхонаи "Файзи Нур-ТВ"-ро бо бренди миллии Нур ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар деҳаи Куҳандижи деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, аз 4 сехи истеҳсолӣ, анборхона, ошхона ва бинои маъмурӣ иборат мебошад.
Қайд карда шудааст, ки корхона ба ду хатти технологию истеҳсолӣ ба бандубасти оинаҳои нилгуни замонавӣ, СМАРТ ТВ-ҳо нигаронида шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Хабар дода шудааст, ки дар оянда бо омода шудани 2 бинои дигари корхона соҳибкорони ватанӣ нақша доранд, истеҳсолотро тақвият бахшида, банду басти яхдон, ҳавохунуккунак (кондиционер), таҷҳизоти гармидиҳӣ, чангкашак ва мошинаи ҷомашӯиро ба роҳ монанд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша иқтидори ҳаҷми истеҳсолот дар як сол 40 ҳазор адад техникаҳои маиширо ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон хостори таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе шуд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан дар деҳаи Якатоли деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Мафтуна" — ро мавриди истифода қарор дод.
Ҳамзамон 19 ноябр Президенти кишвар ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро дар шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор дод.
Қайд карда шудааст, ки ин 10 иншоот ба рушди таҳсилот, хизматрасониҳои босифати тиббиву бонкӣ заминаи мусоид мегузоранд.