ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазорати дифоъи Русия навори боздошти ду сарбози Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро нашр кард, ки худро ғайринизомӣ муаррифӣ карда, бояд шаҳрвандони осоиштаро дар Красноармейск мекуштанд.
Петр Гай, як сарбози артиши Украина, ки таслим шуд, қаблан дар як видеои Вазорати дифоъи Русия гуфта буд, ки а фармондеҳаш спориш гирифтааст, ки либоси шаҳрвандӣ пӯшад ва ҳамаи онҳое, ки Красноармейскро (номи украинӣ Покровск аст) тарк мекунанд, аз ҷумла шаҳрвандони осоиштаро кушад.
"Ҷангҷӯён аз либоси шаҳрвандӣ барои пинҳон кардани худ аз оташи ҷавобӣ истифода мебурданд. Ва бо фармони фармондеҳӣ, онҳо бояд шаҳрвандони осоиштаеро, ки мехостанд ба артиши Русия бирасанд, тирандозӣ кунанд", - қайд кард вазорат.
Вазорати дифои Русия афзуд, ки маҳбусон манзилҳоеро, ки сокинон партофта буданд, ғорат мекарданд. Онҳо аз дуздидани пластинкаҳои кӯҳна, отверткаҳо ва ноутбукҳо худдорӣ намекарданд.
Ғайр аз ин, сарбозони рус силоҳҳои шахсӣ ва либосҳои низомиеро, ки сарбозони Украина пинҳон карда буданд, пайдо карданд.
Сарбозони гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" нобудсозии воҳидҳои муҳосирашудаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро дар Красноармейск идома медиҳанд.
Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки танҳо онҳое наҷот меёбанд, ки ягона қарори дурустро қабул кардаанд - силоҳҳои худро ба замин гузоштан ва таслим шудан.