Тағйироти кадрӣ дар Вазорати хориҷа: Кӣ рафту кӣ омад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар тағйироти навбати муоввини аввали вазири корҳои хориҷии кишварро иваз кард. Ба ин вазифа сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА таъйин шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ҳамин тавр маълум шуд, ки сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА Фаррух Ҳамрализода чӣ вазифа гирифт.
Тибқи фармонҳои президенти кишвар Раҳмонзода Абдуҷаббор – аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Узбекистон озод гардид.
Дар ин вазифа Раҳмонзодаро, Насреддин Исматулло, ки қаблан муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд таъйин гардид.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки Насреддин Исматулло дорои таҷриба ва собиқаи корӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқзодаро аз вазифааш барканор кард.
Ҳамин тавр бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Насреддин Исматулло аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод гадид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин вазифа Ҳамрализода Фаррух, ки қаблан сафири Тоҷикистон дар ИМА буд таъйин намуд.
Ҳамрализода Фаррух дар сохторҳои мақомоти давлатӣ солҳои зиёд ба ҳайси, мушовири президент, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва вазири иқтисод фаъолият намудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои давлатӣ тағйирот ворид карда буд.
Тибқи тағйироти ахир вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз вазифааш барканор шуд ва бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин шуд.