ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, изҳор дошт, ки Париж дар Украина сулҳро таблиғ намекунад ва эҳсосоти ҷонибдори ҷангро бар меангезад.
"Фаронса ба мусаллаҳ кардани режими Киев идома медиҳад. Фаронса ҳоло ин корро мекунад ва фардо низ нақша дорад, ки ин корро кунад. Мутаассифона, Париж ба ҳеҷ ваҷҳ ба кори сулҳ саҳм намегузорад. Париж айни замон эҳсосоти ҷонибдори ҷанг ва ҷонибдори низомро барангехтааст", - гуфт Песков.
Оқои Песков аз ин иқдоми Париж изҳори таассуф хурд.
"Париж айни замон эҳсосоти ҷонибдори ҷанг бедор мекунад. Дар ин маврид танҳо изҳори таассуф кардан мумкин аст", - гуфт Песков.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.