Тоҷикистон бо утони Қазвини Эрон ҳамкориҳояшро тақвият мебахшад

Мақомоти Тоҷикистону устони Қазвини Эрон барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар шаҳи Душанбе миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Қазвини Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.
Тавре дафтари матбуоти палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар додааст, ин санади ҳамкорӣ дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2025" ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳайати иқтисодию тиҷоратии вилояти Қазвин бо мақсади шиносоӣ бо имконияти нави ҳамкорӣ, фаъолияти ширкату корхонаҳо ва ёфтани шарикони тиҷоратӣ ба Тоҷикистон омад.
Манбаъ қайд кардааст, ки меҳмонон аз Эрон зимни тамошои намоишгоҳ бо имконияти истеҳсолӣ ва маҳсулоти пешниҳоднамудаи иштирокчиён шинос гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Тоҷикистону Эронро хатсайрҳои нави ҳавоӣ мепайвандад: оғози парвозҳо
Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон – 2025" аз 13 то 15 ноябр идома ёфт.
Дар он зиёда аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ молу маҳсулоташонро пешниҳод намуданд.