Таъомули сиёсӣ – амниятӣ меҳвари сафари ҳайати 14 нафарии Тоҷикистон ба Кобул

Раонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки як ҳайати баландпоя аз Тоҷикистон вориди Кобул шуда бо мақомоти олии Толибон* музокирот кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳайати баландпояи 14 нафарии Тоҷикистон дар сафар ба Кобул то кунун бо вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* дидор кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ToloNews.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳайат дар идома, бо бархе аз сарони аршади Толибон* барои баррасии ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ гуфтугӯ хоҳад дошт.
Манобеъ дар вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон* ба расонаҳо гуфтаанд, ки ҳайати баландпояи Тоҷикистон токунун бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Афғонистон дидор кардааст.
Манобеи огоҳ мегуянд, ки масоили сиёсӣ, равобити Кобул – Душанбе ва иртиқои сатҳи тиҷорати миёни ду кишвар, меҳвар аслӣ гуфтугуҳои ин ҳайат бо вазири хориҷаи Толибон* будааст.
Расонаҳои афғонистон менависанд, ки ба эҳтимоли бисёр ҳайат Тоҷикистон бо Муҳаммадҳасан Охунд, нахуствазир ва "Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ҳукумати Толибон* дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Толибон* аз мавқеи Тоҷикистон дар қиболи Афғонистон дар СММ истиқбол карданд
Ин расона қайд кардааст, ки ҳадафи аслии сафари ҳайати тоҷикистонии шомили 14 мақомдори аршади масъулони амниятӣ, вазорати хориҷа ва ниҳодҳои истихборотии Тоҷикистон баррасӣ ва тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ бо Толибон* эълом шудааст.
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Кобул дар ҳоле анҷом мешавад, ки ин кишвар дар чаҳор соли гузаштаи ҳеҷ равобити диплумотики расмӣ бо Толибон* надошта ва сифорати Афғонистон дар Душанбе ҳамчунон тавассути намояндагони ҳукумати пешин идора мешавад.
Бархе коршиносони сиёсии ин сафарро нишонаи оғози таъомули маҳдуди Тоҷикистон бо толибон* ва талош барои таъмини манофеи амниятӣ ва марзӣ медонанд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.