Шаҳром Маҳмуродов дар риштаи ҷиу-ҷитсу чемпиони ҷаҳон шуд

Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Шаҳром Маҳмуродов барандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷиу-ҷитсу гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар дод.
“Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 62 кг пас аз ҳашт рақобати шадид дар ду категория тавонист медали тилло ба даст оварда, бори чорум чемпиони ҷаҳон шавад”, - қайд кардааст манбаъ..
Манбаъ таъкид кардааст, ки варзишгари тоҷик нахустин варзишгари тоҷикест, ки дар намуди "Ne Waza" ба ин дастовард ноил гардидааст
Давлат Болтаев, муштзани тоҷик рақиби худ, Дилан Прасовичро дар даври якум ба “нокаут” фиристод.
Чемпионати ҷаҳон дар риштаи варзиши ҷиу-ҷитсу байни наврасон дар шаҳри Бангкоки Таиланд хеле ҷолиб баргузор гардида, дар он 1 400 варзишгар аз 54 давлати дунё иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар мусобиқаи IBA Pro 12 дар Самара пирӯз шуд.
Варзишгари тоҷик Дилан Прасовичи муштзани черногориягиро дар раунди аввал бо нокаут мағлуб кард.