Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ВУХ Туркия: Муноқиша дар Украина дар ҳоли хотима аст

Вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, ки ҳама шароит барои оташбас фароҳам аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Низоъи Русия ва Украина акнун ба хотима наздик шудааст ва даври нави музокирот истисно нест.
Дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон изҳор дошт.
Ба гуфтаи вазир, дар ҳоле ки дар аввал дар ИМА ва Аврупо ҷонибдорони тӯлонитар шудани низоъ буданд, маъмурияти ИМА ҳоло бо Анқара дар мавриди зарурати хотима додан, розӣ аст.
"Роҳбарони аврупоӣ низ ҳоло бо ин ақида розӣ ҳастанд, бахусус сарвазири Бритониё ва канслери Олмон, ки ба Анқара ташриф оварданд ва ин масъаларо дар сӯҳбатҳо бо президент (Таййиб - таҳрир) Эрдуғон матраҳ карданд. Дар асл, ба андешаи ман, ин ҷанг ҳоло дар нуқтаи наздиктарин барои қатъ шудан, қарор дорад", - гуфт Фидон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии AHaber.
Ба гуфтаи вазир, ҳарду ҷониб ба ҳамлаҳо ба инфрасохтор, пеш аз ҳама инфрасохтори энергетикӣ, ки дар зимистон таҳдид эҷод мекунад, тамаркуз кардаанд.
Фидон қайд кард, ки низоъ ба ҷанги ҳавопаймоҳои бесарнишин табдил ёфтааст.
"Ҳама шароит барои оташбас фароҳам оварда шудааст... зарур аст, ки ҷонибҳои миёнҷигар дар макони мувофиқ чора андешанд ва маъракаи ҳалли низоъро оғоз кунанд. Мо дар ин самт кор карда истодаем ва шумо ба зудӣ натиҷаҳоро хоҳед дид", - изҳор дошт вазир.
Қаблан, рӯзномаи бритониёии The Times пас аз сӯҳбат бо муовини вазири корҳои хориҷӣ Сергей Кислитса, ки дар музокироти Истанбул иштирок дошт, хабар дод, ки музокирот байни Русия ва Украина қатъ шудааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров сабаби ба таъхир афтодани мулоқоти Путин ва Трампро гуфт
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар шарҳи ин изҳорот изҳор дошт, ки Киев "ваъдаҳои ниҳоии" худро дар бораи мубодилаи асирон вайрон карда, камтар аз 30%- и мувофиқашударо мубодила кардааст.
Русия ва Украина дар Истанбул се даври музокироти мустақим баргузор карданд. Дар натиҷа, мубодилаи асирон сурат гирифт. Ғайр аз ин, Русия ҷасадҳои сарбозони кушташудаи артиши Украинаро ба режими Киев супурд.
Тарафҳо инчунин лоиҳаҳои ёддоштҳоро дар бораи ҳалли низоъ мубодила карданд.
Қаблан, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров таъкид карда буд, ки Маскав омода аст ҷанбаҳои сиёсии ҳалли низоъро бо Киев баррасӣ кунад ва дар ҳама гуна формат кор кунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВУХ Русия: Ғарб украиниҳоро маҷбур мекунад, ки ба артиши Украина бипайванданд
Ӯ инчунин қайд кард, ки Русия то ҳол аз Украина ба пешниҳоди таъсиси се гурӯҳи корӣ барои ҳалли мушаххастари масъалаҳои башардӯстона, низомӣ ва сиёсӣ, ки ҷониби Русия дар даври сеюми музокирот дар Истанбул дар моҳи июл пешниҳод карда буд, посух нагирифтааст.
Ғайр аз ин, Владимир Зеленский даъвати президенти Русия Владимир Путинро барои омадан ба Маскав барои музокирот рад кард.