ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон назорати прокурориро дар самти истифодаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурзӯр кардааст.
Дар ин бора, Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамин назорат аст, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1,3 млрд сомонӣ зиёд гардидааст.
Вале, дар баробари ин пешравӣ, масъалаи дигаре ҳаст, ки боиси нигаронии мақомот шудааст.
Ин паст шудани сатҳи об дар обанбори "Норак" мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 беш аз 2 метр кам гардидааст.
Ин масъалаҳо, зимни ҷаласае таҳти раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баррасӣ шудааст.
Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки кам шудани сатҳи об дар обанбори "Норак", роҳбарону масъулини соҳаи энержиро водор менамояд, ки дар самти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи барқ тадбирҳои муҳим андешанд ва бемасъулиятӣ зоҳир накунанд.
Таъкид шуд, ки аз ҳисоби намояндагони мақомот, гурӯҳи корӣ ташкил гардад ва назорат дар самти истифодаи неруи барқ, ошкор намудани камбудию норасоиҳо ва саҳлангорӣ, дар шаҳру навоҳии атрофи пойтахт пурзӯр карда шавад.
Инчунин нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ ва муовинони онҳо, нозир ва назоратчиёне, ки аз уҳдаи вазифа намебароянд, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.