ДУШАНБЕ, 14 ноя - Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, бахусус Олмон, мехоҳанд вуруди паноҳандагони украиниро, ки ба бори гарон табдил ёфтаанд, маҳдуд кунанд.
Ин андешаро Александр Гусев, сиёсатшинос ва профессори Академияи илмҳои Русия, дар мусоҳиба бо РИА Новости баён кард.
Рӯзи панҷшанбе, садри аъзами Олмон Фридрих Мертс изҳор дошт, ки дар сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Зеленский аз ӯ хостааст, ки барои таъмини хидмати низомӣ барои ҷавонони украинӣ, ки ба Олмон бештар меоянд, чораҳо андешад.
"Паноҳандагони украинӣ барои кишварҳои аврупоӣ, ҳатто барои кишварҳои ба назар пуриқтидори иқтисодӣ ба монанди Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир, ба бори гарон табдил ёфтаанд. Ин тамоюл рӯ ба афзоиш аст", - гуфт Гусев.
Ба гуфтаи коршинос, Мертс аз Зеленский хоҳиш кард, ки чораҳоеро барои пешгирӣ аз рафтани ҷавонони украинӣ андешад, то онҳо тавонанд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳамроҳ шаванд.
"Ҳадафи якум, кам кардани шумораи гурезагон ва ҳаҷми кӯмак аст. Дуюм, ҷалби аҳолии ҷавони Украина ба ҷанг бо Русия. Олмон, ҳамчун узви "эътилофи хоҳишмандон" дар Украина, ҳадаф дорад, ки бо истифода аз украиниҳо бо Русия мубориза барад", - бовар дорад коршинос.
Авохири моҳи август, Девони вазирони Украина ба ҳамаи мардони аз 18 то 22-сола иҷозат дод, ки ба хориҷа сафар кунанд.
Баъдтар расонаҳои Украина хабар доданд, ки ҷавонон Украинаро ба таври оммавӣ тарк мекунанд ва видеоҳои фирори муваффақонаи онҳо шабакаҳои иҷтимоии Украинаро пур карданд.
Қаблан, мардони аз 18 то 60-сола дар давраи ҳолати ҷангӣ, щуцуци баромадан аз Украинаро надоштанд. Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ҳангоми сафарбарӣ дар кишвар ҷиноят ҳисобида мешавад, ки то панҷ соли зиндон ҷазо дорад.