ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ, гардиши мол миёни Чин ва ИИАО ба $228,3 млрд доллар расид.
Дар ин бора, зимни ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин гузориш дода шуд.
Чорабиниро вазири савдои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев ва муовини вазири тиҷорати Чин Ян Донг раисӣ карданд.
Қайд карда шуд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин барои тақвияти ҳамкорӣ ва устувории занҷирҳои таъминот ва муқовимат ба чораҳои маҳдудкунандаи тиҷорат, ки бо қоидаҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мувофиқат намекунанд, саъй хоҳанд кард.
"Дар соли 2024 рекорди ҳаҷми тиҷорати мутақобила гузошта шуд. Ва аз январ то сентябри соли 2025, тибқи омори мо, гардиши тиҷорат аллакай 228,38 млрд долларро ташкил дод", - изҳор дошт Ян Донг.
Муовини вазири тиҷорати Чин Ян Донг имкониятҳои назарраси амиқтар кардани ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии байни Чин ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъкид кард.
Ҷонибҳо омодагии худро барои роҳандозии муколама дар бораи ҳамоҳангсозии Ташаббуси "Як камарбанд ва як роҳ" ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои таҳияи амалҳои муштарак дар соҳаҳои ҳамкорӣ изҳор доштанд.