"Русия бо шумост": дар Тоҷикистон имконоти соҳаи муҳандисӣ муаррифӣ мешаванд - Видео

Дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Русия бо шумост" имконоти соҳаи муҳандисӣ муаррифӣ мешаванд
Sputnik
Дар ин бора, роҳбари дафтари Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт.
"Ин чорабинӣ давоми моҳи ноябр дар чор шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Турсунзода, Кӯлоб ва Бохтар баргузор мешавад", - таъкид кард ӯ.
Ҳадафи тарҳ, ошно кардани кӯдакон бо соҳаи муҳандисӣ мебошад.
"Ҳадафи мо ба мактаббачагон ва кӯдакони синни томактабӣ нишон додани он аст, ки таҳсилоти муҳандисӣ то чӣ андоза ҷолиб буда метавонад ва он чӣ гуна уфуқҳоро мекушояд", - гуфт Андрей Патрушев.
Дар доираи лоиҳа аллакай ду маркази захиравӣ дар Душанбе ва Бӯстон кушода шудааст.
Тафсилоти бештарро дар видео тамошо кунед.