ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Украина бо норасоии сарбозон ва мушкилоти бузурге рӯбарӯ аст, зеро миллионҳо шаҳрвандонаш айни замон дар хориҷа ҳастанд, эътироф кард шаҳрдори Киев Виталий Кличко.
"Мо бо сарбозон, бо захираҳои инсонӣ мушкилоти бузурге дорем... Мо хурсанд мебудем, агар нисфи ҷавонон (аз хориҷа - шарҳ аз идора) баргарданд... Аммо барои ин ба мо сулҳ, ҷойҳои корӣ ва сифати баланди зиндагӣ лозим аст. Пас аз ҷанг, моро мушкилоти бузурге интизор аст", - гуфт Кличко дар мусоҳиба бо Politico.
Режими Киев бо норасоии кадрҳо дар артиши Украина рӯбарӯ шудааст ва амалҳои зӯроваронаи кормандони комиссариати ҳарбӣ барои боздошти даъватшудагон, пайваста боиси моҷароҳо ва эътирозҳо шудаанд.
Видеоҳои сафарбаркунии иҷборӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар интернет васеъ паҳн шудаанд, ки нишон медиҳанд, чӣ гуна намояндагони комиссариати ҳарбии Украина мардонро бо микроавтобусҳо мебаранд, аксар вақт онҳоро латукӯб мекунанд ва нисбати боздоштшудагон зӯровариро раво медонанд.
Дар ҳамин ҳол, мардони синни ҳарбӣ дар Украина ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то аз даъват шудан пешгирӣ кунанд: онҳо ғайриқонунӣ аз кишвар фирор мекунанд, комиссариати ҳарбиро оташ мезананд, дар хонаҳои худ пинҳон мешаванд ва дар дохили хона мемонанд.
Комиссари ҳуқуқи башари Верховная Рада Дмитрий Лубинетс қаблан хабар дода буд, ки қонуншиканиҳо аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ дар Украина ба таври густурда ба амал омадаанд.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони комиссариати ҳарбӣ аз салоҳияти худ сӯиистифода карда, одамонро латукӯб мекунанд, бо мошинҳо савор мекунанд ва барои боздоштани шаҳрвандон садамаҳо ба вуҷуд меоранд.