ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Лоиҳаи сохтмони нави бинои маркази “IT Hub Dushanbe”” дар мулоцоти ва ҳадафи таҳкими рушди рақамии Тоҷикистон дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо муовини президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) Ҳонг Сокҳва баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар маркази ин музокирот яке аз ташаббусҳои муҳими соҳаи рақамӣ — лоиҳаи сохтмони маҷмааи “IT Hub Dushanbe” қарор дошт.
Таъкид шудааст, ки ин тарҳ, ҳамчун як лоиҳаи миллӣ ва стратегӣ дар маркази пойтахт амалӣ мегардад ва ба сифати муҳаррики асосии экосистемаи инноватсионии кишвар хизмат хоҳад кард.
“Марказ барои ширакатҳои технологӣ, стартапҳо ва соҳибкорон инфрасохтори муосир ва муҳити мусоиди фаъолиятро фароҳам меорад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки лоиҳа ба рушди иқтисоди рақамӣ, ташаккули навоварии ҷавонон ва таъмини рушди устувори рақамӣ дар саросари кишвар равона шудааст.
Барои татбиқи ин лоиҳа, ҷонибҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
“Ташкили Маркази “IT Hub Dushanbe” пояи асосии экосистемаи инноватсионии Тоҷикистон хоҳад шуд — маконе, ки истеъдодҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ ҷамъ меоянд, ғояҳо ба воқеият табдил меёбанд ва пешрафти рақамӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад”, - изҳор доштааст Хуршед Мирзо.
Қайд карда шудааст, ки маркази “IT Hub Dushanbe” на танҳо як лоиҳаи инфрасохторӣ, балки рамзи воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рақамисозии миллӣ хоҳад гардид — марҳилае, ки ба рушди стартапҳо, соҳибкорӣ ва муосирсозии иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.