Тоҷикистон монанди Русия паёмрасонии миллии худ - Oriz-ро роҳандозӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон қайд кардааст, ки роҳандозии паёмрасони миллӣ ORIZ - гоми муҳим ба сӯйи истиқлоли рақамии кишвар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя - Sputnik. Бо ташаббуси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз тарафи ширкати “Тоҷиктелеком”паёмрасони нави миллӣ бо номи ORIZ ба фаъолият оғоз кард.
Тавре дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст, ин барномаи муосир барои таъмини иртиботи осон, босифат ва бехатар миёни шаҳрвандони кишвар, тоҷикони бурунмарзӣ ва тамоми корбарони интернет таҳия гардида, ҳадафи он фароҳам овардани муҳити рақамии комилан ватанӣ ва боэътимод мебошад.
Манбаъ қайд кардааст, ки дастрасӣ ба ORIZ дар тамоми кишварҳои олам имконпазир аст.
Иттилоъ дода шудааст, ки паёмрасони ORIZ имкони ирсоли паёмҳои матнӣ, овозӣ ва видеоиро дар сатҳи баланд фароҳам меорад.
“Бо истифода аз он, ҳар як корбар метавонад бо наздикон, ҳамкорон ва дӯстони худ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар бе маҳдудият дар тамос бошад”, - зикр кардааст Хадамоти алоқа.
Қайд карда шудааст, ки пайвастшавӣ ба ORIZ хеле содда ва дастрас аст. Барнома дар барои телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия низ дастрас мебошад. Барои сабти ном танҳо рақами телефон лозим аст.
Мақомот даромади бахши алоқа дар Тоҷикистонро эълон кард
Хабар дода шудааст, ки барномаи мазкур универсалӣ аст, ки ҳам барои шаҳрвандони оддӣ, ҳам барои кормандони ширкатҳо, муассисаҳо ва сохторҳои давлатӣ пешбинӣ шуда, имкони кори ҳамоҳангро фароҳам меорад.
Яке аз бартарияҳои муҳими ORIZ ин самаранокӣ дар шароити суръати пасти интернет мебошад.
Хадамоти алоқа зикр намудааст, ки дар чанд соли охир, ҷаҳон шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шуд, ки дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд гардид.
“Масалан, дар Русия замоне Телеграм ва Вотсап маҳдуд шуданд, ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд”, - қайд кардааст Хадамот.
Ин ниҳод таъкид кардааст, вобастагӣ аз шабакаҳои хориҷӣ метавонад ба амнияти иттилоотӣ ва иртиботи иҷтимоӣ зарар расонад, зеро серверҳо, маълумот ва сиёсати истифодаи чунин барномаҳо дар ихтиёри кишварҳои дигар қарор доранд ва ҳеҷ кафолати устуворӣ ва дастрасии доимӣ вуҷуд надорад.
Аз алоқаву интернет шикоят доред, занг занед: Хадамоти алоқа маркази тамос роҳандозӣ кард
“Аз ин лиҳоз, таъсиси ORIZ, метавонад як қадами ҷиддӣ ба сӯйи истиқлоли рақамии Тоҷикистон бошад”, - афзудааст Хадамоти алоқа.
Ҳамчунин ба иттилои ҳамин манбаъ, ORIZ на танҳо як барнома, балки платформаи миллӣ барои ҳифзи манфиатҳои иттилоотӣ ва истиқлоли рақамии кишвар мебошад.
“Ҳадафи Хадамоти алоқа дар ниҳоят табдил додани ORIZ ба платформаи пурқуввати миллии иртибот ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мебошад”, - илова кардааст Хадамоти алоқа.