Тиҷорати Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар ҳоли афзоиш афт

Мақомоти Эрон эълон кардааст, ки тиҷорати Эрон бо кишварҳои ИИАО баъд аз имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод 20% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Мақомоти Эрон раванди иҷрои тавофуқи тиҷорати озоди миёни Ҷумҳурии исломӣ ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) вориди марҳалаи тоза шудааст.
Ба иттилои мақомоти расмии Эрон рушди 35 дарсадии тиҷорат бо Русия ва афзоиши 20 дарсадии содироти Эрон ба кишварҳои узв ИИАО нишон медиҳад ки ду тарафи азми ҷаддӣ барои таъмиқи ҳамкориҳо доранд.
Қайд карда шудааст, ки тарафайни тавофуқи тиҷории озоди Эрону Иттиҳодияи АвруОсиё то кунун иқдомоти қобили таваҷҷуҳе барои иҷрои таъаҳҳудоти худ анҷом додаанд.
Зикр гардидааст, ки тиҷорат миёни Эрону Русия ки бузургтарин шарики иқтисодии Эрон дар ИИАО аст, байни моҳҳои май - июни соли 2025 (билофосилаи пас аз иҷрои расмии тавофуқ) 35 дарсад афзоиш ёфт.
Илова бар ин, тиҷорати кули миёни Эрону Русия дар ҳафт моҳи нахусти соли ҷорӣ 12 дарсад рушд кард. Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО ба нӯздаҳум марти 2025 ба 2 миллиард доллар расид, ки 20 дарсади рушди нисбат ба сол қабли нишон медиҳад.
Ҳиндустон ва ИИАО нақша доранд тиҷорати озодро ба роҳ монанд
Бинобарин, рақамҳои амалии нишондиҳанда ин аст, ки дастоварди тавофуқ дар бахши содироти Эрон наздик ба интизороти аввалияи қарор гирифтааст.
Вазири санъат, маъдану тиҷорати Эрон дар аввалин ҷаласаи кумитаи муштарак иҷрои тавофуқ дар сентябри 2025 таъкид кард,ки тавофуқ барои Эрон беназир аст ватарофаҳо бар рӯй 87 дарсадии колоҳои тиҷории ҳазф шудааст.
Вай ҳамчунин баровард кард, ки агар саноеъи фулоду петрошимии Эрон ба таври муассир аз фурсатҳои ин тавофуқ баҳрабардорӣ кунанд, ин ду санъат метавонанд ниме аз аҳдофи таъйиншудаи тавофуқро муҳаққиқ кунанд.