Маликшо Неъматзода дар Шоми дӯстии Тоҷикистону Русия, ки ахиран дар шаҳри Маскав баргузор шуд гуфт, ки ҳайати Русия, ҳамаи масоил, қариб дар тамоми бахшҳоро баррасӣ кард, ки дар натиҷаи он зиёда аз 16 ҳуҷҷат ба имзо расид.
“Ман боварӣ дорам, ки пас аз сафари давлатии Путин ба Тоҷикистон ва дастурҳои роҳбарони ҳарду кишвар, кори сохторҳои дахлдор ба таври назаррас беҳтар мегардад”, - гуфт ӯ.
Вай изҳори боварӣ кард, ки ҳамчун шарикони стратегӣ муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи хеле баланд қарор доранд.
“Барои ин, ҳамаи мақомоти масъул бояд аз ин фурсат истифода бурда, муносибатҳоро бо ҳамтоёни худ ба сатҳи хеле баланд бардоранд. Ин танҳо ба манфиати мардум ва миллатҳои мо хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Маскав шоми дӯстии Тоҷикистону Русия баргузор гардид.
Шоми дӯстӣ бо ташаббуси Сафорат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Сафири Тоҷикистон дар Русия, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо ва намояндагони ҳизби “Единая Россия” ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ин маҳфил барои меҳмонон гушаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин ҳунармандон аз ташкилотҳои ҷамъиятии “Маркази фарҳанги тоҷикон” ва “Нур” дар назди ҳозирин баромад карданд.