Григорев аз ҷойгоҳи забони русӣ дар муносиботи Тоҷикистону Русия гуфт

Дар Душанбе конфронси "Забон ва адабиёти русӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" ифтитоҳ ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Маориф дар ҳамкории Тоҷикистону Русия нақши калидӣ дорад, гуфт сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев.
Тавре дипломати рус зимни конфронси "Забон ва адабиёти русӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" таъкид кард, ин ба шарофати "равиши созандаи роҳбарияти Тоҷикистон, ки омӯзиш ва истифодаи забони русиро пурра дастгирӣ мекунад", имконпазир гардид.
"Путин ва Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки маориф дар тамоми доираи ҳамкорӣ нақши муҳим дорад. Фазои умумии забонӣ ва қобилияти муошират мустақиман ба ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад ва калиди рушди минбаъда байни Русия ва Тоҷикистон мебошад", - қайд кард Григориев.
Конфронси байналмилалии илмӣ ва амалии "Забон ва адабиёти русӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" дар Душанбе ифтитоҳ ёфт.
Ин чорабинӣ бори дуюм аст, ки баргузор мешавад.
Ҳадафи асосии конфронс эҷоди муколамаи касбӣ байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия барои таҳияи роҳҳои ҳамкорӣ ва тақвияти робитаҳои байналмилалӣ дар омӯзиши русӣ дар ҷаҳони муосир мебошад.
Омӯзгорони рус барои муъаллимони забони русӣ дар ВМКБ курсҳо баргузор карданд
Коршиносон дар бораи усулҳои таълими забон ва адабиёти русӣ маълумот хоҳанд гирифт.
Ҳайати омӯзгорони донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, MГИМО ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, як силсила дарсҳо дар бораи усулҳои муосир ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ баргузор хоҳанд кард.
Баҳсҳои мизи мудаввар ба таҳияи китобҳои дарсии нав дар бораи забон ва адабиёти рус бахшида мешаванд.