ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилиро ба истифода дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии кишвар бо маҷмуи бинову иншооти хидматӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи Марказ, ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марказ мутахассисон пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ бо истифода аз хатти нави технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти махсус, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дрон) ва маҷмуи бесарнишини разведкаи ҳавоиро омода месозанд.
Гуфта мешавад, дар ин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хидматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст, ки он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву беҳдоштӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Марказ таъкид намуд, ки пойдории сулҳу осоиш, суботи сиёсӣ, таъмини зиндагии ороми мардум ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар ба назар мерасад, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон мебошад.