Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ду "дегхона" барои Украина, як киштии зериобии "Қиёмат" барои Венесуэла - Видео

Коршиноси низомӣ Александр Хроленко мутмаин аст, ки ИМА ва НАТО қасди қатъ кардани таъминоти силоҳ ва маблағ барои Украинаро надоранд
Sputnik
Дар "дегхонаҳо"-и Купянск ва Покровск чӣ мегузарад? Русия ба Венесуэла кадом силоҳҳоро медиҳад? Чаро киштии зериобии нави Русия "Хабаровск" Ғарбро метарсонад?
Коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар қисмати нави барномаи "Время Ч" дар "Sputnik ба забони русӣ" ҳамаи ин масъалаҳоро баррасӣ кард.
"Киев ва Зеленский "дегхонаҳо"-ро рад мекунанд, дар ҳоле ки дабири кулли НАТО Рютте аз рӯи инертсия даъват мекунад, ки "муқовимати дарозмуддат бо Русия" анҷом дода шавад, аммо захираҳои Украина ва Ғарб аллакай тамом мешаванд", - изҳор дошт ӯ.
Расонаҳои амрикоӣ, бритониёӣ ва дигар расонаҳои ғарбӣ дар бораи вазъияти ногувори Украина менависанд.
Матбуоти байналмилалӣ ҳафтаи гузашта ба муҳосираи артиши Украина ва талафоти нерӯҳои украинӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кард.
Дар Украина аз норасоии фоҷиабори кадрҳо мегӯянд
Тибқи иттилои маҷаллаи Military Watch, талафоти моҳонаи нерӯҳои Украина беш аз 40 000 нафарро ташкил медиҳад ва талафоти умумӣ ба 1,7 млн нафар мерасад.
Тафсилоти бештарро дар видео тамошо кунед.