Осоишгоҳи Санги Сипар дар Панҷакент барқарор карда мешавад

Пас аз корҳои барқарорсозӣ, Санги Сипар метавонад бори дигар ба яке аз маконҳои асосии сайёҳӣ дар вилояти Суғд табдил ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Корҳои барқарорсозӣ дар осоишгоҳи машҳури Санги Сипар дар Панҷакент идома доранд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии маъмурияти шаҳр.
Гуфта мешавад, ки барқарорсозӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва сармоягузории соҳибкорон анҷом дода мешавад.
Ин истироҳатгоҳ, ки дар деҳаи Амондара ҷойгир аст, қаблан макони маъмули истироҳатӣ барои сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон буд.
Аммо, чанд сол пеш баъзе аз инфрасохторҳо аз обхезӣ зарар дида буданд. Пас аз барқарорсозӣ, Санги Сипар боз ба яке аз ҷойҳои асосии сайёҳӣ дар вилояти Суғд табдил хоҳад ёфт.
Боздиди беш аз 1 миллион хориҷӣ аз вилояти Суғд
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон шаҳри қадимаи Андичароғ, як маҳаллаи асримиёнагии Хуттал, кашф шудааст.
Ба гуфтаи директори ин шӯъба, Шералӣ Хоҷазода, ин шаҳр дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар доманаи кӯҳи Варвалак ё Варвали қадим, дар қаламрави ноҳияҳои муосири Мӯъминобод ва Шамсиддин Шоҳин ҷойгир аст.