ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Тоҷикдухтари ҷудокор - Мадина Қурбонзода барандаи медали нуқраи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар Ар-Риёз шуд.
Мадина дар вазни -52 кг дар рақобатро бар намояндаи АМА Хорлудой Бишрелт бохт ва ҷойи дуюмро гирифт.
Барои роҳ ёфтан ба даври финалии сабқат, Мадина дар рақобати 1/2 ниҳоӣ ғолибиятро бар Сумая Ирауи марокашӣ ба даст овард.
Ҳамчунин, варзишкори дигари тоҷик - Абубакр Шеров, бо шикаст додани Эждер Токтайи тукр медали биринҷиро соҳиб шуд.
Ҷудокори тоҷик дар рақобатҳои якуму дуюм ҳарифони ҳинду ва марокашияшро шикаст дода, аммо дар роҳ ба финал аз Ҳидоят Ҳайдарови озар шикаст хӯрд.
Абубакр Шеров - ҷудокори тоҷик дар сабқати Ар-Риёз
© Foto / Федератсияи ҷудои Тоҷикистон
Бозиҳои шашуми ҳамбастагии исломӣ аз 7 то 21 ноябр дар Риёз баргузор мешаванд.
3,5 ҳаз. варзишгар аз 57 кишвари узви Федератсияи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA), ки узви Созмони Ҳамкории Исломӣ аст, дар 24 намуди варзиш бо ҳам рақобат мекунанд.