ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Намояндагони синамои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷаласаи пленарӣ дар форуми "Халқҳои Русия ва ИДМ" ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии созмондиҳандагон, ин чорабинӣ дар Маскав баргузор шуд.
Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Маҳмадсаид Шоҳиён мудири "Тоҷикфилм" намояндагӣ кард.
Ӯ дар бораи лоиҳаҳои анҷомёфта ва нав, инчунин лоиҳаи муштарак бо "Лендок" - "Роҳи хашм" ва филми "Моҳӣ дар шаст", ки аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон ва Русия истеҳсол шудааст, сухан гуфт.
"Имрӯз муҳим аст, ки рисолати наҷиби синамо нигоҳ дошта шавад: на фароғат, балки баланд бардоштани рӯҳияи одамон, на қисмат кардан, балки муттаҳид кардани онҳо", - қайд кард Шоҳиён.
Ба гуфтаи ӯ, студияи "Тоҷикфилм" низ барои ҳамкорӣ омода аст. Масалан, айни замон "Тоҷикфилм" бо Ӯзбекистон рӯи як филми таърихӣ кор мекунанд, қайд кард ӯ.
Қаблан эълон шуда буд, ки филми коргардонҳои тоҷик ва эронӣ ҷоизаи Гран-прии Тоҷи Сомонро ба даст овард.
Филми "Моҳӣ дар шаст", ки коргардонҳои тоҷик ва эронӣ омода кардаанд, дар Фестивали байналмилалии филми "Тоҷи Сомон" беҳтарин филм дониста шуд.
Гран-при ба коргардони филм Муҳиддин Музаффар супурда шуд.