ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Аморати Муттаҳидаи Араб имконияти таъсиси марказҳои нави логистикиро дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё меомӯзанд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти комиссия хабар дод.
Вазири нақлиёти ИИАО Арзибек Кожошев бо Муҳаммад Ҷумъа ал Шамисӣ, директори генералии “Abu Dhabi Ports Group”, мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин дар соҳаи рақамикунонии логистика дар Абузабиро баррасӣ карданд.
"Созишномаҳо бо ИИАО як қадами муҳим дар самти ҳамгироии роҳҳои тиҷорати ҷаҳонӣ ва тақвияти шарикии стратегии Имороти Муттаҳидаи Араб бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мебошанд.", гуфт Муҳаммад Ҷумъа ал-Шамисӣ.
Ҷонибҳо дурнамои дарозмуддати ҳамкориро баррасӣ карданд.
Тибқи протоколи имзошуда, AD Ports Group ва Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) нақша доранд, дар солҳои 2025-2026 таҷрибаи беҳтаринро дар соҳаи рақамикунонии нақлиёт, инфрасохтор ва логистика мубодила кунанд.
Имконияти таъсиси марказҳои нави логистикӣ дар кишварҳои ИИАО низ омӯхта мешавад.
"Тамдиди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтор бо шарики сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди AD Ports Group як қадами муҳим барои рушди минбаъдаи робитаҳои байналмилалии нақлиёт ва логистика дар дохили ИИАО мебошад",- изҳор дошт Арзибек Кожошев.
Ҳадафи асосии ин ҳамкорӣ омӯхтани таҷрибаи AD Ports Group ҳамчун таъминкунандаи роҳҳои ҳалли ҳамаҷонибаи тиҷорати ҷаҳонӣ, нақлиёт ва логистика мебошад.