Муштзани тоҷик қаҳрамони WBA Asia шуд

Ба даст овардани унвони WBA Asia роҳи дигари муаррифии варзишгари тоҷик дар саҳнаи байналмилалӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноябр — Sputnik. Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар мусобиқаи IBA Pro 12 дар Самара пирӯз шуд.
Федератсияи бокси Русия дар ин бора хабар дод.
Варзишгари тоҷик Дилан Прасовичи муштзани черногориягиро дар раунди аввал бо нокаут мағлуб кард.
Ин ба муштзани тоҷик имкон дод, ки камарбанди WBA Asia-ро дар вазни вазнин ба даст орад.
Болтаев барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиё дар соли 2024 ва қаҳрамони Бозиҳои Осиё мебошад.
Пеш аз ин мубориза, ӯ шаш пирӯзӣ ва як мусовӣ дошт. Ба даст овардани унвони WBA Asia роҳи дигари муаррифии варзишгари тоҷик дар саҳнаи байналмилалӣ аст.
Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев камарбандҳои қаҳрамонии худро дар "Шоми бокс"-и Душанбе ҳимоя карданд.
Варзишгарони тоҷик қаблан дар Ҷоми самбо дар Душанбе низ медал ба даст оварда буд.
Онҳо дар 14 категорияи вазнӣ барои мардон ва занон дар самбо рақобат карданд. Дар маҷмӯъ, тоҷикон дар ин мусобиқа ҳафт медал ба даст оварданд.