ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Дар ҳошияи вазирони ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, ки дар доираи ҳамкориҳои механизми “Як камарбанд — як роҳ” дар шаҳри Саняи Чин миёни Душанбе Пекин созишномаҳи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
Санади мазкур баъд аз мулоқот Раиси Кумита Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои чинии ӯ Ван Сян Сӣ ба имзо расидааст.
“Дар анҷоми вохӯрӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Чин Созишномаи байниидоравии ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи муҳими таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода хоҳад шуд”, - қайд кардааст КҲФ.
Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мавриди баррасӣ гардиданд.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар ҷаласаи вазирони ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, ки дар доираи ҳамкориҳои механизми “Як камарбанд — як роҳ” дар шаҳри Саняи Чин баргузор гардид, иштирок дорад.