ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ниҳодҳои амниятии Русия ба РИА “Новости” гуфтанд, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаи Сума бо норасоии шадиди кадрҳо рӯбарӯ ҳастанд.
"Аз сабаби норасоии шадиди кадрҳо, воҳидҳои муҳандисӣ барои нигоҳ доштани мавқеъҳо даъват шудаанд. Ба таври мушаххас, Бригадаи 26-уми алоҳидаи таъмири роҳи Днепр ба минтақаи Сума интиқол дода шудааст", - гуфт манбаъ.
Ғайр аз ин, вай афзуд, ки нерӯҳои Русия се кӯшиши пешрафти душманро дар наздикии Андреевка, Кондратовка ва Варачино пешгирӣ карданд.
Тибқи иттилои Вазорати дифоъ, дар давоми 24 соат артиши РУсия ду бригадаи савораи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ва ду бригадаи дигарро дар наздикии маҳаллаҳои Павловка, Кондратовка, Алексеевка ва Пролетарске шикаст дод.
Нерӯҳои Русия дар минтақаи Сума минтақаи амниятӣ бо умқи аз ҳашт то 12 километрро таъмин намуданд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, ин натиҷаи ҳамлаи ҷангиёни украинӣ ба минтақаи Курск ва минбаъд васеъ кардани хатти ҷабҳа ба андозаи ду ҳазор километр буд.
Русия ҳадафи забти Сумаро надорад, аммо чунин имконро наметавон истисно кард; амалҳои артиш аз рӯи мантиқи низоъ муайян карда мешаванд, қайд кард президент.