Ба раисони Данғара, Ёвону Вахш барои истеҳсоли зиёди пахта мукофотпулӣ доданд

Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки пахтакорони вилояти Хатлон дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100% иҷро намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вилояти Хатлон имрӯз иҷрои пурраи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100% таъмин намуда, ба хирмани давлат 254 300 тонна "тиллои сафед" супорида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ кишоварзони Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуданд.
“То имрӯз беш аз 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 127 ҳазор тонна зиёдтар мебошад”, - қайд кардааст мақомоти Хатлон.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маросими таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон зикр намуд, ки ин пирӯзӣ далели заҳмати шабонарӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати сокинони вилоят мебошад.
Зикр карда шудааст, ки соли ҷорӣ ҳосилнокии миёна аз ҳар гектари замини кишти пахта 23,4 сентнерро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 11,7 сентнер зиёд аст.
Саҳми хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Дӯстӣ (135%), Данғара (127%), Бохтар (119%), Ёвон (118%), Левакант (115%), Вахш (114%), Ҷайҳун (114%), Хуросон (112%), Кӯшониён (104%), Ҷалолиддини Балхӣ (103%), Абдураҳмони Ҷомӣ (103%) Носири Хусрав (101%), Шаҳритус (101%) ва Қубодиён (100%) шоистаи таҳсин арзёбӣ мешавад.
Зикр шуд, ки дар соли 2026 нақшаи кишти пахтаи зериплёнка зиёда аз 50 ҳазор гектар пешбинӣ карда мешавад.
Маълум шуд, дар вилояти Хатлон чӣ миқдор пахта ҷамъоварӣ шудааст
Раиси вилоят аз роҳбарони шаҳрҳои Леваканту Бохтар ва ноҳияи Дӯстӣ барои пеш аз ҳама иҷро намудани дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта қадрдонӣ кард.
Барои ҳаҷми зиёди истеҳсоли пахта ва ҳосилнокӣ ба раисони ноҳияҳои Данғара, Ёвон ва Вахш Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мукофотпулӣ тақдим гардид.
Раисони як қатор ноҳияҳои пахтакор низ барои иҷрои пурраи дурнамои ҷамъоварии "тилои сафед" мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.