ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 наздик ба 60 млрд сомонӣ расидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори Тоҷикистон хабар дод.
“Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба 58,6 млрд сомонӣ баробар шудааст”, - қайд кардааст Агентӣ.
Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8,1% зиёд мебошад.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52,8%-ро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 30,9 миллиард сомонӣ ё 107,5 фоиз баробар гардидааст.
Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 13%-ро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 18,5 фоиз, ВМКБ 24 фоиз Хатлон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 10,2 фоизӣ баробар аст.
Зикр гардидааст, ки дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 39,6% ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 47,4%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 63,1%, вилоятҳои Суғд 37,5 фоиз, Хатлон 52,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51,1%-ро ташкил медиҳад.