ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши Бунёди АвруОсиёии суботу рушд, дар нимаи аввали соли 2025 тамоюлҳои иқтисодӣ дар кишварҳои ИИАО фарқ мекарданд.
Иқтисодиёти Русия ва Беларус тамоюли сустшавӣ доштанд, дар ҳоле ки иқтисодиёти боқимондаи минтақа афзоиши босуръатро нишон додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон фаъолияти қавии сармоягузорӣ омили асосии рушд буд.
"Дар шароити талаботи доимии баланди дохилӣ, ки асосан аз ҷониби чораҳои молиявӣ дастгирӣ мешавад, фишорҳои таваррум дар ин кишварҳо афзоиш ёфтанд, ки боиси таҷдиди дурнамои таваррум барои соли 2025 гардид", - таъкид кардаанд мутахассисони ин бунёд.
Масалан, пешбинӣ мешавад, ки таварруми истеъмолӣ дар Қирғизистон то охири соли 2025 то 8,1% суръат хоҳад гирифт. Ғайр аз ин, хатари афзоиши таваррум ба сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ вуҷуд дорад.
Бахши беруна дар ҳамаи кишварҳо мутавозин боқӣ монд ва динамикаи қурби асъор устувории нисбӣ ва афзоиши дороиҳои захиравии байналмилалиро нишон дод.
Муаллифони таҳқиқот қайд мекунанд, ки "умуман, кишварҳо бомуваффақият ба муҳити тағйирёбандаи иқтисодӣ мутобиқ мешаванд ва ягон хатари нави назаррасеро барои онҳо мушоҳида намешавад”.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.